Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзии қасри қадима дар Санкт-Петербург


Яке аз қасрҳои бостонии Санкт-Петербург
Яке аз қасрҳои бостонии Санкт-Петербург
Дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар қасре, ки соли 1848 бунёд шуда буд, оташсӯзӣ ба амал омад. Дар ин бино Раёсати идораи коргузории раёсатҷумҳурии Русия, бахши минтақаии шабакаи аввали телевизиони Русия ва Осорхонаи демократия ҷойгиранд.

Ба иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, дар хомӯш кардани сӯхтор 15 гурӯҳи оташнишонӣ ширкат доранд.

Кормандони муассисаҳои воқеъ дар қаср аз бино берун карда шуданд. Соҳили Фонтанка дар наздикии пули Аничков баста шудааст.
XS
SM
MD
LG