Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабина -- қаҳрамондухтари тоҷик


Сабина Тағойназарова (дар сафи аввал аз тарафи дасти рост)
Сабина Тағойназарова (дар сафи аввал аз тарафи дасти рост)

Сабина Тағойназарова, аз ҷумлаи камтарин бонувони варзишгари тоҷик аст, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст.

Сабина Тағойназарова, бонуи 18-солаи тоҷик, дуввумин варзишгари зан дар Тоҷикистон аст, ки унвони қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон дар риштаи таэкван-до ITF-ро соҳиб шудааст. Аз ин пеш, дар соли 2007-ум, ин унвонро Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар Словения ба даст оварда буд.

Сабина Тағойназарова қаҳрамони мутлақи Осиё, қаҳрамони ҷаҳон байни наврасон оид ба таэкван-до ITF ва барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ байни бузургсолон дар риштаи кикбоксинг мебошад. Ахиран Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон низ Сабинаро беҳтарин зани варзишгар дар соли 2011 эълом кард. Ӯ танҳо бонуи варзишгари тоҷик буд, ки ба ин феҳрист шомил шудааст.

Пирӯзиҳои пайиҳами Сабина дар риштаи таэкван-до се хоҳари дигарашро низ ба ин навъи варзиш ҳавасманд кард, ки ҳоло дар баробари ӯ тамрин ва дар мусобиқот ширкат мекунанд. Дар ҳоли ҳозир яке аз хоҳарони Сабина ба унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон мушарраф шудааст.

Дар оғоз ҳама аъзои хонавода варзишгарии Сабинаро қабул надоштанд. Зеро дар баробари духтари тоҷики варзишкор, ба ҷуз мушкили тамрину ширкат дар мусобиқот, ҳамчунин мушкили пазироии ҷомеа низ қарор мегирад, ки дар баъзе маврид занҳои сустиродаро аз роҳи интихобкардаашон берун мекашад. Аммо Сабина мегӯяд, иродаи заиф хоси ӯ нест.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:47 0:00
Линки мустақим


Таэкван-до танҳо шуғли Сабина нест, ки барои муваффақияти бештар дар ин бахш талош дорад. Вай орзуи ҳуқуқшинос шуданро низ дорад ва ҳамзамон бо машғул шудан ба варзиш дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Аммо чун аз таэкван-до дил буридан барояш мушкил аст, мехоҳад, мактаби хоси варзишии худро дошта бошад ва пайравонашро тарбия намояд.

Сабина Тағойназарова 13-уми ноябри соли 1993 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз синни 12-солагӣ ба таэквон-до ITF таҳти раҳбарии мураббии варзида Мирсаид Яҳёев машғул аст.

Бонуи тоҷик -- қаҳрамони ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG