Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни таркиш дар Астрахан


Теъдоди қурбониёни таркиши балони газ дар як хонаи бисёрманзила дар шаҳри Астрахани Русия ба шаш нафар расид. Сарнавишти нӯҳ нафари дигар то ҳол рӯшан нест. Панҷ нафари ҷароҳатбардошта ба бемористон интиқол ёфтанд.

Амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ идома дорад, то ҳол 26 нафар аз зери оворҳо берун карда шуданд.

Таркиши балони газ дар яке аз манзилҳои ошёнаи сеюм рӯх дод ва дар натиҷа як қисмати бино комилан фурӯ рехт. Яке аз фарзияҳои таркиш - талоши худкӯшии як сокини хона арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG