Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши норинҷак дар Ваҳдат 4 танро захмӣ кард


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бар асари таркиши бомбаи дастӣ дар ноҳияи Ваҳдат чаҳор узви як хонадон ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи 27-уми феврал дар ҷамоати Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат, дар 20-километрии пойтахти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Бар асари ин таркиш падару модар ва ду фарзанди онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи осебдидагон ба бемористон интиқол дода шудаанд ва ҳамакун сабабҳои чигуна пайдо шудани бомбаи дастӣ дар ин хонадон таҳқиқ мешавад.

Аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар дасти шаҳрвандон силоҳ боқӣ мондааст ва эшон ихтиёран аз супоридани онҳо ба мақомот хавф доранд. Ҳанӯз дар соли 1994 фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон барои халъи силоҳ содир шуда буд. Аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, то ҳанӯз ин фармон ба пуррагӣ иҷро нашуда ва мардум дар хонаҳояшон силоҳҳои боқӣ аз замони ҷанги шаҳрвандиро нигоҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG