Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори эъдомҳо дар Эрон 2 маротиба афзудааст


Созмони Афви байналмилалӣ мегӯяд, соли гузашта шумори эъдомҳо дар Эрон назар ба соли 2010 беш аз 2 маротиба афзуд. Ин созмон мегӯяд, тадқиқи шумори воқеъии эъдомҳо дар Эрон мушкил аст, вале ба ҳисоби гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, соли 2011 дар ин кишвар ҳудуди 600 нафарро қатл кардаанд. Ин рақам соле пеш 253 нафар гуфта мешуд. Пажӯҳишгари Афви байналмилалӣ Элиз Ауэрбах гуфт, “теъдоди воқеъӣ шояд ҳатто бештар бошад.”
XS
SM
MD
LG