Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷлоси дувуми Шӯрои ИА ва Тоҷикистон доир шуд


Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Рӯзи 27 феврал дар Брюссел иҷлосияи дувуми Шӯрои ҳамкории ИА ва Тоҷикистон доир шуд. Виллӣ Совндал, вазири хориҷаи Дания - раҳбари давраии ИА гуфт, дар ин нишаст масоили ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамчунин мавзӯъҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва сиёсӣ баҳс шудааст. Ӯ афзуд, ИА хоҳони густариши равобит бо Душанбест. Ҳамроҳхон Зарифӣ – вазири хориҷа ва раҳбари ҳайъати Тоҷикистон гуфт, дар Шӯро масоили минтақа ва вазъи Афғонистон, бахусус баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар соли 2014 низ баррасӣ шуд.
ИА аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 миллион евро кумак кардааст.
XS
SM
MD
LG