Пайвандҳои дастрасӣ

ИА: Тоҷикистон бозигари муҳим дар Осиёи Марказист


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Дар қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар Брюссел иҷлосияи дувуми Шӯрои ҳамкории ИА ва Тоҷикистон доир шуд.

Ҳайати Душанберо дар ин нишаст вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ раҳбарӣ мекард ва ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро Виллӣ Совндал, вазири хориҷаи Дания, ки кишвараш раёсати давраии ин созмони қораиро бар ӯҳда дорад. Ба гуфтаи ҷонибҳо, дар нишасти Брюссел масоили равобити дуҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ва ҳамчунин масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ шудааст.

Виллӣ Совндал дар нишасти муштараки хабарие, ки дар пайи анҷоми нишасти Шӯро доир шуд, гуфт, ИА Тоҷикистонро як бозигари муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинохта, мехоҳад, равобиташро бо Душанбе боз ҳам таҳким бубахшад. Ӯ ҳамчунин хостори мушорикати наву густардатар байни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Вай афзуд, ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин масоили иқтисоду тиҷорат ва сиёсати хориҷӣ аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар нишасти Брюссел бо мақомоти Душанбе будааст.

Вазири хориҷаи Дания фазои мулоқотро хеле боз ва созанда тавсиф кард ва гуфт: "Мо дар ин фазои бозу созанда нафақат масоили осон, балки мавзӯъҳои мушкилро ҳам баҳс кардем. Мо хоҳони таҳкими ҳамкорӣ ва мушорикати ҷадиде бо Осиёи Марказием, ки Тоҷикистон низ як бахши марказиаш хоҳад буд. Мо чолишҳои умумии зиёде дорем, чун қочоқи маводи мухаддир ва мушкилоти муҳити зист ва ҳамкорӣ дар ин риштаҳо ба фоидаи ҳардуи мост. Тоҷикистон як бозигари муҳим дар Осиёи Марказист ва мо мехоҳем ҳамкориамонро таҳким диҳем."

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ба навбаи худ гуфт, дар иҷлосияи Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва ҳам вазъи Афғонистон, бавижа пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвари ҷангзада дар соли 2014 низ баррасӣ шуда, ба таъбири ҷаноби Зарифӣ, байни Душанбеву Брюссел дар бисёр масъалаҳо ҳусни тафоҳум ба даст омадааст.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон аз ҷумла гуфт: "Мо бавижа ба мушкилоте пардохтем, ки баъди соли 2014, дар пайи хуруҷи нерӯҳои эътилоф пеш хоҳад омад. Инро баҳс кардем, ки баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон мо - Тоҷикистон ва ҳамкорони мо дар Аврупо - чӣ кор карда метавонем, ки минтақаро амн нигоҳ дорем ва ҳамаи кишварҳои зидахли Афғонистон аз таҳдидҳои ношӣ аз хоки он кишвар эмин бошанд. Мо дар бисёр масъалаҳо ба ҳусни тафоҳум даст ёфтем ва ҳамчунин тавофуқ кардем, то чунин баҳсҳои бози мушкилот ва масоили мавҷударо идома диҳем."

Шӯрои ҳамкории ИА ва Тоҷикистон ҳамчунин дар як баёнияи вижа ба аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун василаи муассири ҷилавгирӣ аз низоъҳо ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии ин қаламрав таъкид кардааст. Ин Шӯро аз давлатҳои Осиёи Марказӣ хост, то дар масоили доғе, чун идораи манобеи об, масоили энерживу амният, роҳҳалҳои қоиме пайдо кунанд, ки манофеи тамоми ҷонибҳоро мадди назар гирифта, ваҳдати минтақаро ҳифз кунад.

Нахустин иҷлосияи Шӯрои ҳамкории ИА ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 доир шуда буд. Иттиҳодияи Аврупо аз имдодрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, фақат дар соли 2011 ба Душанбе ба маблағи 62 миллион евро кумакҳои фанниву молӣ расондааст. Ҷамъи ёриҳои ИА ба Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин сӯ беш аз 500 миллион евро баровард мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG