Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

28 феврал - рӯзи баҳсҳо дар Женева ва Брюссел


Имрӯз, 28 феврал, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева вазъи Сурияро ва зеркумитаи Парлумони Аврупо дар Брюссел вазъи ҳуқуқи инсон дар Русияро баҳс хоҳанд кард. Имрӯз дар Дублин музокироти дурӯза пиромуни мақоми вилояти ҷудоихоҳи Приднестровйеи Молдова оғоз ба кор мекунад. Имрӯз раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ паёми солонаашро ироа хоҳад кард. Имрӯз ЮНИСЕФ – Сандуқи кӯдаки СММ – дар Ню-Йорк гузориши солонаашро муаррифӣ мекунад. Имрӯз дар Русия Шахсияти сол эълон хоҳад шуд. Имрӯз дар аёлатҳои Мичигану Аризона номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро интихоб хоҳанд кард. Ва 28 феврали соли 1991 Ироқи Саддом Ҳусейн талабҳои қатъномаи СММ дар мавриди Кувайтро пазируфт ва Ҷанги халиҷ бо ҳамин амалан ба поён расид.
XS
SM
MD
LG