Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бруссел ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИА баррасӣ шуд


Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар дуввумин ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар Бруссел ширкат кард. Дар ин ҷаласа доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла стратегияи ояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, обу муҳити зист, ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон, авлавияти қонун ва вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд. Ҷаласаи аввали ин Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон 13 декабри соли 2010 баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG