Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райпурсӣ барои Қонуни Асосии Сурия ва таҳримҳои ИА


Имрӯз телевизиони давлатии Сурия гуфт, ки 89 дарсади райдиҳандагон аз пешниҳоди нави Башор Асад дар бораи ворид кардани тағирот дар Қонуни Асосии ин кишвар ҷонибдорӣ кардаанд. Дар ин райдиҳӣ 57,4 дарсади аҳолии қобили рай ширкат ҷустаанд. Мухолифон ин райпурсиро байкот карданд ва хостори истеъфои Башор Асад аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар зидду Сурия таҳримҳои нав эълон карданд. Ба ин таҳримҳое, ки рӯзи душанбе дар Бруссел ҷорӣ шуд, мамнуъ эълон кардани истифода аз дороиҳои бонки марказии Сурия, мамнуъ эълон кардани сафари 7 нафар афроди наздик ба президент Башор Асад ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, манъи парвози ҳавопаймоҳои Сурия ба 27 кишвари узви ин иттиҳодия ва маҳдудияти тиҷорати тилло ва сангҳои гаронбаҳои Сурия мебошад.
XS
SM
MD
LG