Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ҳамкориҳои фаромарзӣ баррасӣ мешавад


Тибқи хабари намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, 28 феврал дар шаҳри Душанбе конфронсе роҷеъ ба ҳамкориҳои фаромарзии Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад. Ин конфронс бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷопон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо созмон дода мешавад ва дар он намояндагони марзбонӣ, гумрук, намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Дар ин конфронс масъалаҳои марбут ба амнияти марзҳо, қочоқи маводи мухаддир, рушди тиҷорати марзӣ ва беҳбуди муқаррароти гумрукӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG