Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикон ҷустуҷӯ мекунанд... "Скинхед", "Тӯраҷонзодаҳо"...


"ВВП", "Путин", "Тӯраҷонзода", "Российская военная база", скинхед... аз ҷумлаи калидвожаҳое ҳастанд, ки хонандагони тоҷик онҳоро аз Гугл, Яндекс, Рамблер ва торнамоҳои мухталиф ҷуста, маълумоти марбут ба онҳоро хондаанд.

Дар ин қатор таронаи машҳури Толибҷон Қурбонхонов, шаҳрванди Тоҷикистон дар васфи Владимир Путин ва баҳси додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо бо раиси Шӯрои уламо аз ҳаводисе дониста мешавад, ки бештари истифодабарандагони Интернет тавассути ҳамин калидвожаҳо ҷустуҷӯ кардаанд.

Ёқуби Саидзод, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, ҳамин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон хонандагонро водор мекард, ки барои дарёфти маълумоти бештар вориди ҷӯяндаҳои интернетӣ шаванд. Вай гуфт, "сокинони Тоҷикистон вақте дар кӯча ягон овозаро мефаҳманд, мехоҳанд, ки дар ин бора иттилои дақиқ бигиранд. Масалан, агар касе шунидааст, ки додгоҳи Тӯраҷонзодаҳост, ҳамин калимаро дар интернет меҷӯяд."

Аммо калидвожаҳои бозори дохилӣ ва хориҷии иттилооти марбут ба Тоҷикистон то куҷо аз ҳам фарқ мекунад? Торнамои тиҷоратии "Биржевой лидер" менависад, ки ҳангоми таҳияи як роҳнамо барои хориҷиён калидвожаҳои машҳури марбут ба Тоҷикистонро дар ҷӯяндаҳои Гугл ва Яндекс мушаххас кардааст. Бино ба навиштаи ин сомона, дар хориҷ бештар вожаҳои "Таджикистан", "Новости Таджикистана", "Карта Таджикистана", "Фото Таджикистана", "Президент Эмомали Рахмон", "Население Таджикистана ва ғайраро ҷустуҷӯ мекардаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

Агар аз тариқи ҷӯяндаҳои Гугл ва Яндекс, Рамблер ба сомонаҳои русизабони Тоҷикистон ворид шавем, мебинем, ки калидвожаҳои "Работа для мигрантов", "Реформа", "Сиёсати кадрӣ" ва калидвожаҳои дигар бештар истифода шудааст. Сардабири маҷаллаи "Элита" Далери Ғуфрон мегӯяд, хонандагон дар торнамоҳои русизабони Тоҷикистон калидвожаҳоеро истифода кардаанд, ки ба ҳаводиси муҳими кишвар рабт мегиранд. Ӯ афзуд, "ба сомонаҳои русӣ мурур кунем, бештар вожаи "реформа", "кадровая перестановка", "Судебная система" ва калимаҳои дигар ҳамчун калидвожа истифода шудаанд, чунки ҳодисаҳои муҳими кишвар низ ба ин масъалаҳо вобаста буд."

Ҳамчунин, калимаҳои Кӯлоб, обу ҳаво, Наврӯз, Анзоб, мусофирон, футбол аз калидвожаҳое будаанд, ки дар як ҳафтаи ахир барои пайдо намудани хабари бештар доир ба вазъи Тоҷикистон аз тарафи хонандагони торнамоҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд. Фирдавси Рустам, корманди торнамои "Миллат" дар робита ба ин мегӯяд, "воқеан мардум ҳамин мавзӯъҳоро дар сайтҳое, ки эътимод доранд, суроғ кардаанд. Хонандаҳо бо ин алоқаи худ нишон медиҳанд, ки дар торнамо маълумоти бештар гузошта шавад."

Ба назари ходимони торнамоҳо ва хабаргузориву ҳафтаномаҳо вобаста ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он на танҳо ҳар ҳафта, балки ҳар рӯз калидвожаҳо тағйир мехӯранд ва хонанда мехоҳад, ки ҳарчӣ бештар аз вазъи ҷаҳон ва кишвари худ бохабар бошад ва ақиб намонад. Ин дар ҳолест, ки сафи корбарони Интернет ва паҳнои сомонаҳои мавриди назари онҳо рӯ ба афзоиш дорад.
XS
SM
MD
LG