Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави ИА бар зидди режими Сурия


Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар зидду Сурия таҳримҳои нав эълон карданд. Ба ин таҳримҳое, ки рӯзи душанбе дар Бруссел ҷорӣ шуд, мамнуъ эълон кардани истифода аз дороиҳои бонки марказии Сурия, мамнуъ эълон кардани сафари 7 нафар афроди наздик ба президент Башор Асад ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, манъи парвози ҳавопаймоҳои Сурия ба 27 кишвари узви ин иттиҳодия ва маҳдудияти тиҷорати тилло ва сангҳои гаронбаҳои Сурия мебошад. То ҳол Иттиҳодияи Аврупо 150 мақоми расмии Сурияро ба феҳристи сиёҳи худ дохил ва бар зидди режими Башор Асад таҳрими нафт ва фурӯши аслиҳаро ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG