Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон "марҳилаи нави хушбахтӣ" фаро расид


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Телевизиони давлатии Туркманистон эълон кард, ки баъд аз “пирӯзии чашмгир”-и Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар интихобот ин кишвари орому босубот ба “марҳилаи нави хушбахтӣ” расидааст. Бино ба гузориши бахши туркмании радиои Озодӣ, “марҳилаи нави хушбахтӣ” дар ҷаласаи дафтари раёсати ҷумҳурӣ 25 феврал эълон шудааст. Давраи аввали раёсати ҷумҳурии Бердимуҳаммадов “марҳалаи бузурги эҳё” эълон шуда буд. Баъд аз маросими савганди вафодорӣ дар 17 феврал Бердимуҳаммадов 29 нафар аъзои кобинаи нави худро эълон кардааст. 22 нафари онҳо вазироне ҳастанд, ки аз вилояти Ахал-зодгоҳи президент мебошанд.
XS
SM
MD
LG