Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Закаев: "Касе дар пайи куштори Путин нест"


Вокунишҳо ба хабари сӯиқасд ба ҷони нахуствазири Русия ҷо доштани сӯиқасдро зери шубҳа қарор медиҳанд.

Раҳбари ҷудоихоҳони чечен дар ғурбат Аҳмад Закаев мегӯяд, сарвазири феълии Русия Владимир Путин саъй дорад, дигарбора ба курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргардад ва аз ин рӯ тамоми василаҳои тарғибу ташвиқро ба кор даровардааст. Ӯ меафзояд, “мо дар ёд дорем, ки чӣ гуна Путин тавассути бомбгузориҳо дар Маскав, террори мардуми одӣ ва поймол намудани ҳуқуқи башар вориди сиёсат шуд.”

Закаев мегӯяд, "таҳдид ба Русия на аз сӯи фармондеҳи ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров ва пайравони ӯ, балки аз ФСБ ва ҳукумати зери раҳбарии ФСБ мебошад. Ҳаёти Путин бо таҳдиде мувоҷеҳ нест ва касе дар пайи куштори ӯ намебошад!"

Аҳмад Закаев
Аҳмад Закаев
Александр Голтс шореҳи умури низомии Русия низ бо ишора ба интихоботи рӯзи якшанбе мегӯяд, "дар зиндагӣ чизеро наметавон истисно кард. Вале хеле ошкор аст, ки ин кашфи сӯиқасд дар марҳилаи хеле муҳими маъракаи интихоботии Путин ба амал омадааст. Ҳатто қабл аз эълони ин хабар бисёре аз коршиносон дар бораи эҳтимоли чунин ҳодисае ҳарф зада, таъкид мекарданд, ки дар ин ҳол пайравони сарвазири Русия ба аҳамияти Путин барои Русия ишора карда, меафзуданд, ки душманони миллат ӯро бад мебинанд.”

Коршиноси тоҷик Раҳматулло Абдуллоев ҳам имкони тарҳрезии ҳамла болои Путинро истисно намекунад, вале меафзояд: "Путин пешсаф буда ва бидуни ин гуна “ҷалби таваҷҷӯҳ” низ дар интихоботи президентии 4-уми март пирӯз хоҳад шуд.”

Комёб Ҷалилов бар ин назар аст, ки бояд интизори натиҷаи таҳқиқот шуд ва сипас ба арзёбии ин қазия даст зад: “То натиҷа эълон нашавад, чизе наметавон гуфт.”

Ниҳодҳои амниятии Русияву Украина дар бораи ҷилавгирӣ аз барномаи сӯиқасд ба ҷони сарвазири Русия Владимир Путин иттилоъ доданд. Ба қавли телевизиони давлатии Русия сӯиқасд бояд баъд аз интихоботи президентии 4-уми март раҳандозӣ мешуд.

Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия навиштааст, афсарони амниятии Украина моҳи январ дар ҷараёни таҳқиқи таркиши тасодуфии маводи мунфаҷир дар шаҳри бандарии Одесса ду шаҳрванди Русияро дастгир намуданд. Телевизиони Русия Иля Пянзин ном шаҳрванди 28-солаи Қазоқистонро нишон дод, ки ҳамроҳ бо як нафари дигар аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Украина омада, ба тарҳрезиву тамрини сӯиқасд машғул шуданд.

Пянзин мегӯяд, “онҳо ба мо гуфтанд, ки ба Одесса равем ва таҳияи маводи мунфаҷирро омӯзем. Сипас ба Маскав рафта, ҳамлаҳо болои ҳадафҳои иқтисодӣ ва сарвазир Путинро амалӣ кунем.” Нафари дигаре, ки дар ин гузориши телевизиони Русия намоиш дода шуд, Адам Осмаев ном шаҳрванди чечентабори Русия аст, ки аз соли 2007-ум ба ин тараф дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Доку Умаров
Доку Умаров
​Телевизиони Русия аз қавли боздоштшудагон иқтибос овардааст, ки онҳо бо фармони ҷангсолори чечен Доку Умаров амал мекардаанд. Умаров бо сарпарастии таркиш дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав дар моҳи январи соли 2011-ум муттаҳам мешавад. Ходимони амниятӣ дар компютери хусусии Осмаев навори ҳаракати корвони мошинҳои Путинро пайдо кардаанд. Ба қавли афсарони амниятӣ Руслан Мадаев, ки ҳангоми таркиш дар Одесса ба ҳалокат расид, мебоист тавассути минаи зиддитанкӣ ҳамлаи интиҳориро ба амал орад. Дар ин бора Осмаев гуфт: “Ман ҳамлаи интиҳорӣ намекардам. Вале Руслан Мадаев ба ҳамлаи интиҳорӣ омодагӣ медид.”

Пешбинӣ мешавад, ки Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия пирӯз шуда, бори сеюм ба сари қудрат меояд, вале мардуми зиёде аз ҷумла ҳизбҳои сиёсиву симоҳои шинохтаи фарҳангу ҳунар ба бозгашти Путин мухолиф буда, дар саросари Русия гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо мекунанд.

Навори зер аз Ютюб аст.

XS
SM
MD
LG