Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти бештар роҷеъ ба суиқасд ба ҷони Путин


Шабакаи аввали телевизиони давлатии Русия навори бозпурсии афроди гумонбар ба талоши сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин-нахуствазири Русия ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишварро ба намоиш гузошт. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Одессаи Украина хадамоти кашфи Русия ва Украина Иля Пянзин ва Адам Осмаевро боздошт кардаанд. Ҳангоми амалиёти боздошт шахси севвум Руслан Мадаев кушта шудааст. Ду нафари боздоштшуда гуфтаанд, ки дастури кушторро аз Доку Умаров-фармондеҳи ҷангсолорони Қафқози Шимолӣ гирифтаанд. Боздоштшудагон гуфтаанд, ки ин куштор бояд баъд аз интихоботи 4 марти раёсати ҷумҳурӣ дар Маскав амалӣ мешуд. Барои ин кор онҳо мехостаанд минаҳои низомиро истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG