Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмакҳои молии Амрико дар мубориза бо маводи мухаддир


Вазорати корҳои хориҷаи Амрико барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Узбакистон 2 миллион доллар ҷудо кард. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати хориҷа хабаре ба нашр расондааст. Бино ба ин хабар, ин маблағ барои ташкили марказ ва ташкили воҳидҳои мубориза бо қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир дар ин кишварҳо сарф мешавад. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ин барномаро як ҷо бо вазорати дифои Амрико иҷро хоҳанд кард ва маблағи умумии сармоягузорӣ дар ин тарҳ 101 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо Николай Бордюжа-дабири Кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё СПАД дар Маскав изҳор доштааст, ки ин барномаи Амрико ҳадафҳои сиёсиро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG