Пайвандҳои дастрасӣ

Александр Поветкин, муштзани рус, дар шаҳри Штутгарти Олмон бар рақиби худ Марко Ҳуки олмонӣ дастболо шуд.

Вай ба ин тартиб унвони қаҳрамонии бокси ҷаҳон аз рӯи ривояти WBА-ро дар вазни сангинтарин ҳифз намуд. Ин сабқат 12 раунд давом кард ва доварон бо иттифоқи назар Александр Поветкинро аз рӯи холҳо (114:114, 116:112, 116:113) баранда эълон карданд.

Пас аз хатми рақобат Александр Поветкин гуфт, агар Марко Ҳук дархост намояд, ки мусобиқаи такрорӣ баргузор шавад, вай зид нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG