Пайвандҳои дастрасӣ

Ронандагон мегӯянд, пас аз зимистони сахт роҳҳои Душанбе тавре шудаанд, ки гӯиё аз онҳо танк гузашта бошад.

Хиёбонҳои Садриддин Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Турсунзода, Қаробоев, Расулов, Карамов, Титов, Шотемур, Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи хиёбонҳое ҳастанд, ки дар ҳамаи инҳо чуқуриҳое ба андозаи 15-20 сантиметр пайдо шудааст.

Танҳо роҳи протоколӣ ё гузаргоҳи мошинҳои мақомот, аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ, ки чанде пеш таъмир шуда буд, аз таъсири сардиҳо эмин мондааст. Коршиносон мегӯянд, сардиҳои соли ҷорӣ барои роҳсозони пойтахт сангинтарин имтиҳон буд.

Дар ҳамин ҳол, бо фарорасии рӯзҳои рӯшантар, таъмиргарони роҳ каму беш ба кӯча баромаданд. Хадамоти роҳсозӣ ба пур кардани чуқуриҳо шурӯъ карданд. Онҳо маъмулан аз рег ё хок истифода мекунанд ва мегӯянд, ин як тадбири муваққатист ва ба зудӣ роҳҳо мумфарш (асфалтпӯш) хоҳанд шуд.

Гардиши умумии ҳамлу нақл дар Душанбе чизе бештар аз 700 километр аст. Фарши бунёдии ҷодаҳо аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Ба гуфтаи коршиносон, шаҳрдорӣ ба роҳҳои ҳошиявӣ чандон таваҷҷӯҳ намекунад. Мақомот бештар дар ғами роҳҳои протоколианд, ки корвони мошинҳои раисиҷумҳур ва мақомоти баландпояи дигар аз он убур мекунад.

Коршиносон мегӯянд, бамаротиб дарбеҳ кардани ҷодаҳо илоҷи кор нест ва роҳҳо ба тармими бунёдӣ ниёз доранд. Ба қавли онҳо, хароб шудани ҷодаҳои пойтахт ба роҳбандони муназзам дар шаҳр боис шудааст. Ронандаҳо бо фирор аз ҷодаҳои хароб, таҷаммӯи мошинҳоро таҳаммул мекунанд ва ба убур аз кӯчаҳои обод бартарӣ медиҳанд.

Ин вазъияти бӯҳронӣ мақомотро ба андеша ва дарёфти ҳалли мушкилот водор кардааст. Шаҳрдории Душанбе се соли ахирро солҳои беҳбуд бахшидан ба ҷодаҳои воқеъ дар ҳошияи пойтахт эълон кардааст. Аммо ронандаҳо аз он нигаронанд, ки сохтмони ҷодаҳо дар масъулияти кӣ хоҳад буд? Зеро дар ниҳояти амр харҷи бозсохт аз ҷайби онҳо пардохт мешавад.


Ин матлаб зарфи чанд дақиқа вокунишҳои зиёде ба бор овард ва ба назар мерасад, масъалаи роҳу кӯчаҳо шаҳрвандони зиёдеро мутаваҷҷеҳ кардааст. Ҳоло як пешниҳоде ба ҳамаи хонандагони арҷманд дорем, ки вориди ин харита шаванд ва ҷойҳоеро, ки медонанд, он ҷо роҳ ноободу ноҳамвор аст ё чуқуриҳо дорад, ишора намоянд.

Ин кор ду натиҷа дошта метавонад. Якум ин ки манзараи умумӣ намудор мешавад ва маълум мегардад, чӣ миқдор аз ҷодаҳо ниёз ба тармиму таъмир дорад. Дуюм, мақомоти марбута низ аз вазъи роҳҳо огоҳ мегардад ё ба санҷиши ин ҷойҳои роҳу кӯчаҳо мераванд ва ба хулосае меоянд, ки ин харобиҳоро бояд обод намуд.

Натиҷаи дигар ин буда метавонад, ки ҳамаи мо метавонем, соли оянда боз ба ин нақша баргардем ва бубинем, агар ин ҷойҳо тармим шудаанд, оё ислоҳ то чӣ андоза ҳақиқӣ ва давомдору бобақо будааст. Ишора гузоштан дар ин харита мушкил нест, дастур он ҷо навишта шудааст ва агар мушкиле пайдо шуд, ҳатман бо tajikweb@rferl.org тамос бигиред. Биёед, бо ҳам як кори хайри дастҷамъонаеро анҷом бидиҳем!


View Душанбе in a larger map

Барои ишора гузоштан дар нақша се амали осонро, ки ишора шудааст, анҷом диҳед.

Барои ишора гузоштан дар нақша се амали осонро, ки ишора шудааст, анҷом диҳед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG