Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамлаи интиҳорӣ дар Нигерия


Таркиши интиҳории мошини бомбгузоришуда дар калисое дар шаҳри ошӯбзадаи Ҷос дар кишвари африқоии Нигерия дастикам 3 нафарро кушта ба ҷо гузошта, мунҷар ба қасосгирии ҷавонони масеҳӣ шуд. Шоҳидон мегӯянд, маргталаб мошинро ҳангоми адои намози бомдод болои калисо ронд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави Боко Ҳаром ба ӯҳда гирифт. Бар асари ҳамлаҳои ҳамин гурӯҳ алайҳи калисоҳо дар арафаи Мавлуди Масеҳ дастикам 80 нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG