Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоиҳо дар солгарди 20-уми ҷанги Қаробоғ


Дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, раҳпаймоии ҳудуди 50 000 нафар ба муносибати солгарди 20-уми ҷанг бо нирӯҳои арманӣ барои вилояти баҳсии Қаробоғ доир шуд. Мақомоти озарӣ мегӯянд, соли 1992 дар натиҷаи ҳамлаи нирӯҳои арманӣ ба рустои Хоҷалӣ дар Қаробоғ 613 нафар кушта шуданд, ки дар Боку ҳамчун “генотсид” унвон мешавад. Аммо Ереван инро шадидан радд мекунад. Бино ба хабарҳо, дар солгарди ҷанги Қаробоғ дар Туркия низ ҳазорон нафар раҳпаймоӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG