Пайвандҳои дастрасӣ

Захмӣ шудани 7 сарбози Амрико дар Имомсоҳиб


Эътирози рӯзи ҷумъа дар Кобул

Эътирози рӯзи ҷумъа дар Кобул

Дирӯз, дар рӯзи шашуми эътирозҳо алайҳи сӯзондани китобҳои Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО дар Афғонистон дастикам як тазоҳургар кушта ва 7 сарбози Амрико захмӣ шуд. Ин тазоҳургар дар шаҳри Имомсоҳиби вилояти шимолии Қундуз кушта шуд. Ҳудуди 2000 тазоҳургар мехостанд аз инҷо ба маркази вилоят раҳпаймоӣ кунанд, вале пулис пеши роҳи онҳоро гирифт. Пулис мегӯяд, бар асари ҳамла бо норинҷак дар яке аз пойгоҳҳои НАТО дар ин шаҳр 7 сарбоз ҷароҳат бардоштанд. Тайи 6 рӯзи эътирозҳо дар Афғонистон ҳудуди 30 кас кушта шуд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дирӯз ҳамаро ба оромӣ даъват кард ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон бо изҳори таассуфи амиқи Амрико аз ин қазия гуфт, эътирозҳои хунин бояд бас шаванд.
XS
SM
MD
LG