Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия: Райъпурсӣ дар пасманзари саркӯбиҳо


Давлати Сурия дирӯз дар пасманзари идомаи хушунатҳо ва саркӯбии эътирозҳо райъпурсии тарҳи нави Қонуни Асосиро доир кард. Мухолифин ин райъпурсиро беҳуда хонда, бойкот карданд ва истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асадро талаб мекунанд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки дар Марокаш сӯҳбат мекард, райъпурсиро “найранги худҷӯёна” номида, гуфт, Сурия ғолибан ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ меравад. Клинтон аз тоҷирону низомиёни сурӣ, ки то ҳол аз Асад пуштибонӣ мекунанд, даъват кард, алайҳи ӯ бархезанд.
XS
SM
MD
LG