Пайвандҳои дастрасӣ

Дар кӯҳҳо - барфу дар водиҳо - борон


Ба маълумоти ҳавошиносон, имрӯз, 27 феврал, дар Тоҷикистон ҳавои абрии дар водиҳо ҳамроҳ бо борону дар кӯҳҳо ҳамроҳ бо барф дар назар дошта шуда, ғолибан дар Ғарму Хоруғ барф ва дар Кӯлобу Хуҷанд ва Душанбе борон хоҳад зад. Интизор меравад, ҳарорат дар Хоруғ 2 дараҷаи зери сифр ва дар Ғарм баробар ба сифр шавад. Ҳамчунин қарор аст, ҳаво имрӯз дар Хуҷанду Душанбе 4, дар Кӯлоб 7 ва дар Қӯрғонтеппа то 15 дараҷа гарм шавад.
XS
SM
MD
LG