Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қоҳира парвандаи амрикоиҳоро мавқуф гузошт


Амрикоиҳо дар Миср дар сармоягузории ғайриқонунӣ айбдор мешаванд
Амрикоиҳо дар Миср дар сармоягузории ғайриқонунӣ айбдор мешаванд
Додгоҳи Қоҳира мурофиаи додгоҳии кормандони созмонҳои ғайриҳукуматии амрикоиро, ки дар фаъолияти ғайриқонунӣ дар Миср айбдор мешаванд, то 26 апрел мавқуф гузошт. Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ин ба айбдоршавандагон имкон медиҳад, ки бо маводи парванда ошно шаванд.

Миёни 43 айбдоршаванда 16 нафар шаҳрвандони Амрико мебошанд. Ба ҳафт нафари онҳо тарк намудани қаламрави Миср манъ карда шудааст.

Моҳи декабри соли гузашта додситонии Миср дафтарҳои бархе аз созмонҳои ғайриҳукуматии амркиоиро кофтукоб кард ва баъдан кормандони онҳоро дар сармоягузории ғайриқонунӣ айбдор намуд. Ин ҳодиса равобити миёни Амрикову Мисрро сард кард. Бархе аз маҳофили ИМА даъват мекунанд, ки кӯмак ба Миср боздошта шавад.
XS
SM
MD
LG