Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз ду нафар дар тазоҳурот дар Қундуз


Эътирозҳо дар Афғонистон идома доранд
Эътирозҳо дар Афғонистон идома доранд
Имрӯз дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръони шариф аз сӯи низомиёни пойгоҳи низомии Багром дар вилояти Қундузи Афғонистон ду кас ба ҳалокат расиданд. Дар ин вилоят эътирозгарон ба пойгоҳи низомӣ норинҷак андохтанд, ки дар натиҷа ҳафт низомии амрикоӣ маҷрӯҳ шуданд.

Имрӯз Ҳомид Карзай беэҳтиромӣ нисбати Қуръони каримро шадидан маҳкум кард ва аз афғонҳо хост, ки орому сабур бошанд.

Раисиҷумҳури Афғонистон баъд аз панҷ рӯзи эътирозҳо алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръони карим дар пойгоҳи ҳавоии амрикоии Багром, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ҳукумат ин қазияро ҷиддан пайгирӣ мекунад. Карзай афзуд, ки мавзӯи беэҳтиромӣ нисбати китоби муқаддаси мусалмонҳоро ҳафтаи оянда дар сӯҳбат бо Барак Обама низ матраҳ хоҳад кард ва хостори он хоҳад шуд, ки сарбози амрикоии муҷрим ҳатман ба додгоҳ кашида шавад.

Сарвари Афғонистон аз афғонҳо даъват кард, то нагузоранд, ки душманон аз тазоҳуроти онҳо сӯиистифода ва кишварро дубора ба хатар мувоҷеҳ кунанд.

Бар асари тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар манотиқи гуногуни Афғонистон беш аз 30 нафар кушта шуда ва садҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG