Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мандела бемористонро тарк намуд


Нелсон Мандела
Нелсон Мандела
Нелсон Мандела, сарвари пешини Ҷумҳурии африқои ҷанубӣ, баъд аз ташхиси тиббӣ бемористонро тарк намуд. Дар ин бора намояндаи ӯ Мак Махарай хабар дод.

Аз ин пеш раисиҷумҳур Ҷейкоба Зума изҳор карда буд, ки Мандела худро хуб эҳсос мекунад.

Манделаи 93-сола, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва нахустин сарвари сиёҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ замони нажодпарастӣ 27 соли умрашро дар маҳбас гузарондааст. Ӯ рӯзи шанбе бо дарди тоқатфарсои шикам ба бемористон интиқол ёфта буд.
XS
SM
MD
LG