Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ба афғонҳо: "Орому сабур бошед"


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул, 26-уми феврали 2012.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул, 26-уми феврали 2012.

Ҳомид Карзай беэҳтиромӣ нисбати Қуръони каримро шадидан маҳкум кард ва аз афғонҳо хост, ки орому сабур бошанд.

Раисиҷумҳури Афғонистон баъд аз панҷ рӯзи эътирозҳо алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръони карим дар пойгоҳи ҳавоии Багром, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ҳукумат ин қазияро ҷиддан пайгирӣ мекунад.

Карзай афзуд, ки мавзӯи беэҳтиромӣ нисбати китоби муқаддаси мусалмонҳоро ҳафтаи оянда дар сӯҳбат бо Барак Обама низ матраҳ хоҳад кард ва хостори он хоҳад шуд, ки сарбози амрикоии муҷрим ҳатман ба додгоҳ кашида шавад.

Сарвари Афғонистон аз афғонҳо даъват кард, то нагузоранд, ки душманон аз тазоҳуроти онҳо сӯиистифода ва кишварро дубора ба хатар мувоҷеҳ кунанд. Ӯ афзуд, “орзуи ман ин аст аст, ки чун эҳсосоти худро нишон додем ва муқаддасоти худро бо қимати ҷон дифоъ кардем, оромиши худро дубора ба даст оварем.”

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки эътирозҳо ба тадриҷ коҳиш меёбанд, ба навиштаи хабаргузориҳо, имрӯз сокинони фақат чанд вилоят, аз ҷумла, Қундуз ва Самангон даст ба тазоҳуроти зиддиамрикоӣ заданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҷараёни эътирозҳои имрӯза дар Қундуз ду кас ба ҳалокат расиданд. Дар ин вилоят эътирозгарон ҳамчунин ба пойгоҳи низомӣ норинҷак андохтанд, ки дар натиҷа ҳафт низомии амрикоӣ маҷрӯҳ шуданд.

Бар асари тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар манотиқи гуногуни Афғонистон, беш аз 30 нафар кушта шуда ва садҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.


Ахиран ҷунбиши “Толибон” куштори ду мушовири амрикоӣ дар Кобулро чун интиқом барои беэҳтиромӣ ба Қуръон арзёбӣ намуд. Як намояндаи ин ҷунбиш изҳор намуд, ки куштори амрикоиҳо дар бинои вазорати умури дохилии Афғонистон аз сӯи ҷосуси онҳо анҷом шудааст.

Имрӯз мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ду мушовири амрикоӣ аз сӯи Абдусабур, афсари бахши кашфи идораи полис ҳадафи тир қарор гирифтанд. Баъд аз куштори мушовирҳо, Абдусабур бидуни мамониат биноро тарк намудааст. Айни ҳол ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Манзили Абдусабур дар шимоли Афғонистон мавриди кофтукоб қарор гирифт, пайвандонаш, ки дар Кобул мезистанд, боздошт шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG