Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай афғонҳоро ба оромиву сабурӣ даъват кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, баъд аз панҷ рӯзи эътирозҳо алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръони шариф дар пойгоҳи ҳавоии Багром, афғонҳоро ба оромиву сабурӣ даъват кард. Ӯ дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони миллӣ гуфт, “набояд ба душманон имкон дод, то ки аз ин вазъ истифода кунанд”. Карзай ҳамчунин хостори он шуд, ки сарбозони амрикоии муҷрим ошкор ва ба додгоҳ кашида шаванд.

Изҳороти Карзай дар ҳоле пахш шуд, ки ба назар мерасад эътирозҳо хотима ёфтаанд. Бар асари намоишҳои эътирозии зиддиамрикоӣ дар манотиқи гуногуни Афғонистон тақрибан 30 нафар кушта шуда ва садҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG