Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки ИМА набояд аз пойгоҳи ҳавоии "Манас" барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон истифода кунад.

Алмозбек Отамбоев, ки барои дидори дурӯза дар Русия ба сар мебарад, дар мусоҳибае гуфтааст: «Аз пойгоҳи ҳавоии Қирғизистон набояд барои ҳамла ба Эрон истифода шавад. Ба ҳамин далел аст, ки мо мегӯем, пас аз соли 2014 набояд ҳеҷ нерӯи низомии хориҷӣ дар ҳеҷ пойгоҳе, аз ҷумла фурудгоҳи Манас ҳузур дошта бошад.»

Раиси ҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт, ки пойгоҳи ҳавоии Манас пас аз соли 2014 ба як фурудгоҳи ғайринизомӣ тағйир хоҳад кард.

Алмосбек Отамбоев афзуд: «Тасмим ба хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз фурудгоҳи "Манас" ба хотири нигаронӣ дар мавриди амнияти пойтахти Қирғизистон ва сокинонаш гирифта шудааст.»

Раиси ҷумҳури Қирғизистон ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, "ба мақомҳои амрикоӣ борҳо гуфтааст, ки аз пойгоҳи ҳавоии "Манас" наметавон фаротар аз ихтиёроти дошташуда, ки ҳамон пуштибонии амалиёт дар Афғонистон аст, истифода шавад.»

Отамбоев гуфт: «Ба ин вазъияти Амрико ва Эрон нигоҳ кунед. Эрониҳо мумкин аст «Манас»-ро бизананд. Аммо агар мушакҳо хато рафт, чӣ мешавад?»

Изҳороти раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҳоле аст, ки рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия баён дошта буд, ки Амрико мумкин аст аз пойгоҳи низомии «Манас» барои ҳамла ба Эрон истифода кунад. Бо ин ҳол сафири Амрико дар Маскав ин эҳтимолро рад карда буд.

Дар ҳафтаҳои ахир мақомҳои баландпояи рус нисбат ба ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон ҳушдор дода ва паёмадҳои онро фоҷеабор донистаанд. Рӯзи ҷумъа Владимир Путин, нахуствазири Русия изҳор дошт, ки кишварҳои ғарбӣ таҳти ливои муқобила бо барномаи ҳастаии Эрон, ба дунболи таъйири режим дар Теҳрон ҳастанд.

Вазорати дифои Русия ҳам ахиран Маркази баррасии вазъи Эрон ва Ховари Миёнаро таъсис кардааст.

Моҳи гузашта Николай Макаров, раиси Ситоди муштараки артиши Русия гуфта буд, ки кишварҳои ғарбӣ эҳтимолан то тобистони имсол дар бораи шеваи рӯёрӯӣ бо барномаи ҳастаии Эрон тасмим мегиранд.
XS
SM
MD
LG