Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Сенегал раисиҷумҳурро интихоб мекунанд


Абдуллай Вад

Абдуллай Вад

Сокинони Сенегал, кишвари воқеъ дар ғарби Африқо, имрӯз раисиҷумҳурро интихоб мекунанд. Сарвари феълии кишвар Абдуллай Вади 85-сола бори сеюм дар интихоботи президентӣ ширкат мекунанд. Ба феҳристи довталабон 13 номзади мухолифи ҳукумат ҳам шомиланд.

Сенегал яке аз кишварҳои демократии Африқо маҳсуб мешавад ва тасмими раисиҷумҳур барои бори сеюм дар интихоботи президентӣ ширкат кардан боиси эътирозҳои оммавӣ гардид, ки ҳангоми саркӯбии онҳо чанд нафар ба ҳалокат расиданд. Абдуллай Вад аз соли 2000 раисиҷумҳури Сенегал аст.
XS
SM
MD
LG