Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи қотили мушовирони амрикоӣ ошкор шуд


Бинои вазорати умури дохилии Афғонистон
Бинои вазорати умури дохилии Афғонистон
Куштори ду мушовири амрикоӣ дар бинои вазорати умури дохилии Афғонистон аз сӯи Абдул Сабур, афсари бахши кашфи идораи полис, содир шудааст.Гуфта мешавад, ки ӯ сӯи амрикоиҳо оташ кушода, сипас бидуни мамониат биноро тарк намудааст.

Айни ҳол ҷустуҷӯи Абдул Сабур идома дорад. Манзили ӯ дар шимоли Афғонистон мавриди кофтукоб қарор гирифт, пайвандонаш, ки дар Кобул мезистанд, боздошт шудаанд.

Масъулияти ин ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифтааст. Намояндаи ҷунбиш гуфт, ки кушторро ҷосуси онҳо анҷом додааст ва ин - интиқом барои сӯзонидани нусхаҳои Қуръони шариф аз сӯи низомиёни пойгоҳи ҳавоии Багром аст. Сӯзонидани китоби муқаддаси мардуми мусалмон боло рафтани мавҷи хашму ғазаби сокинони Афғонистону Покистонро ба думбол дошт.
XS
SM
MD
LG