Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи раъйпурсӣ оиди иловаҳо ба Қонуни асосии Сурия


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд
Эътирозҳо дар Сурия идома доранд
Дар Сурия имрӯз райъпурсӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонунии асосии кишвар шурӯъ шуд. Бар пояи тағйирот, дар кишвар низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ мешавад.

Мухолифин ва кишварҳои Ғарб ҳукумати Башор Асадро барои он интиқод мекунанд, ки раъйпурсиро дар вазъи идомаи ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба мухолифин дар чанд шаҳр баргузор кардааст.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, фақат рӯзи шанбе бар асари амалиёти нерӯҳои амниятӣ тақрибан сад нафар ба ҳалокат расиданд. Як рӯз аз ин пеш табибони Кумитаи байнулмиллалии Ҳилоли Аҳмар аз манотиқи канори шаҳри Ҳумс 27 нафареро берун оварданд, ки бар асари тирборони маҳаллаҳои шаҳр аз сӯи нерӯҳои амниятӣ маҷрӯҳ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG