Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон ба Марокаш омад


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, имрӯз дар Марокаш бо мақомоти ин кишвари африқоӣ дидору гуфтугӯ мекунад. Қарор аст, ки мавзӯъи ислоҳоти демократӣ дар Марокаш ва хушунат дар Сурия дар меҳвари гуфтушунидҳо бошад.

Дирӯз хонум Клинтон дар Алҷазоир бо раҳбари ин кишвар Абдулазиз Бутефлико ва вазири умури хориҷӣ Мурод Меделсӣ музокирот анҷом дод. Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки Амрико аз дигаргуниҳои демократӣ дар шимоли Африқо пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, "мардуми араб сазовори онанд, ки мустақилона тасмим бигиранд – инро ҳайсияти онҳо тақозо мекунад, ин ҳаққи ҳар инсон ва неъмат барои ҳар ҷомеъа аст".

Аз ин пеш вазири умури хориҷии Амрико дар Тунис дар конфаронси “Дӯстони Сурия” ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG