Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирони Кӯлоб. Эътироз ё "Рӯзи санитарӣ"?


Фурӯшандагони бозори техникии "Лола" ба эътирози худ хотима гузошта, дӯконҳояшонро боз карданд.

Масъулони бозор ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, 120 фурӯшанда дубора ба кор сар кардаанд. Нуралӣ Ҳасанов, раиси маркази савдои "Ғайрат", ки бозори молҳои техникии "Лола" низ дар ихтиёри он аст, гуфтааст, дирӯз дар бозор "рӯзи санитарӣ" эълон шуда буд, то бозор ба тартиб оварда шавад ва раванди таҳия ва имзои қарордодҳои нав бо тоҷирон ба поён расад. Аммо афзудааст ӯ дар сӯҳбат бо ин хабаргузорӣ, бо истифода аз "Рӯзи сантарӣ" гурӯҳе аз тоҷирон ба ҳукумат шикоят бурданд, ки аз 1-уми апрел бояд барои ҳаққи тиҷорат дар ҳудуди бозор моҳе 70 сомонӣ супоранд. Ба гуфтаи ӯ, ин нарх 33 сомонӣ бештар шудааст.

Дар ҳақиқат, ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, қисме аз тоҷирони ин бозор соати 8-и рӯзи 26-уми феврал нахуст назди идораи ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҷамъ омаданд, аммо масъулони ҳукумат ба онҳо ваъдаи вохӯрӣ ва шунидани арзашонро дар назди ин бозор доданд.

Тоҷирони бозор мегӯянд, дар ҳоле ки савдои хуб надоранд, афзоиши иҷораи ҷои савдо бар суди онҳо нест.

Нуралӣ Ҳасанов, раиси ин бозори хусусӣ дар назди эътирозгарон гуфт, "ҳаққи иҷораро наметавонад коҳиш диҳад, зеро аз фаъолияти бозор ӯ ҳам андози бештар месупорад. Касе мехоҳад, бо ҳамин нарх фаъолият кунад, нахоҳад, ҷавоб",-- гуфт Ҳасанов.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Неъматов, муовини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз норозиён талаб кард, ки бо раиси бозор ҳамдигарфаҳмӣ кунанд: "Ин он қадар гап набудааст, ҳамагӣ дар як моҳ 20 сомонӣ супурдан чӣ ҳаст? Ҳеҷ мушкил нест, супоред ва савдо кунед, зарар намебинед."

Дар ҳоле ки эътирозгарон қонеъ нашуда буданд, муовини раиси шаҳр ҳамроҳ бо раиси бозор онҳоро тарк карданд. Вале дертар маълум шуд, ки ду тараф як ҳалли миёнаеро пайдо кардаанд. Бино бар он нархномаи нав (70 сомонӣ) аз 1-уми апрел то 1-уми октябр идома мекунад, аммо дар семоҳаи аввал ва охир, давраи кам будани фурӯш нархи пешина, яъне 50 сомонӣ дар моҳ боқӣ мемонад.

Ба қавли Нуралӣ Ҳасанов аксари кулли тоҷирон ин созишро писандиданд ва қарордодҳои навро имзо карданд. То нимирӯзии 27-уми феврал аз 320 тоҷир танҳо 37 нафар бидуни қарордод боқӣ мондаанд. Азбаски эътирозгарон ягон кумита ё гурӯҳи ташаббускор созмон надода буданд, тасдиқ ё радди ин маълумот аз тарафи онҳо ғайриимкон аст.






Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG