Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстони Сурия" дар Истамбул гирдиҳам меоянд


Дар Ҳумс даргириҳо идома доранд
Дар Ҳумс даргириҳо идома доранд
Имрӯз бар асари амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар шаҳрҳои гуногуни Сурия дасти кам 16 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла, бар асари тирборони маҳаллаи Бобо Амри Ҳумс чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Дирӯз ширкаткунандагони конфаронси байнулмилалии "Дӯстони Сурия", ки дар Тунис баргузор шуд, дар як қатънома хостори хатми фаврии хушунат дар Сурия шуданд.

Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу ахиран хостори баргузории нишасти дуввуми “Дӯстони Сурия” дар Истамбул шуд. Интизор меравад ки ин нишаст моҳи оянда доир шавад.
XS
SM
MD
LG