Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Яблоко" муқобили ҳама номзадҳо овоз медиҳад


Григорий Явлинский
Григорий Явлинский
Григорий Явлинский, раҳбари ҳизби “Яблоко” ҳадс зад, ки интихоботи ояндаи раисиҷумҳури Русия қабл аз вақт баргузор хоҳанд шуд. Дар нишасти Шӯрои сиёсии федеролии ҳизб ӯ гуфт, "шаш сол дар қарни 21– мӯҳлати хело бузурги раёсатҷумҳурист".

Явлинский афзуд, ки ҳизбаш ба интихоботи эҳтимолан қабл аз вақти президентии Русия омодагии вижа хоҳад дид.

Имрӯз Шӯрои сиёсии федеролии Яблоко тасмим гирифт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 4 март ҳизб алайҳи ҳамаи номзадҳо раъй диҳад.
XS
SM
MD
LG