Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кобул ду мушовири амрикоӣ ба ҳалокат расиданд


Вазорати умури дохилии Афғонистон

Вазорати умури дохилии Афғонистон

Дар тирпарронӣ дар ҳудуди вазорати умури дохилии Афғонистон ду хориҷӣ кушта шуданд. Хабаргузориҳо бо такя ба манбаъҳои ҳукуматӣ навиштанд, ки ҳардуи онҳо мушовирони амрикоиянд.

Теъдоди қурбониёни бархӯрди миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Қундузи Афғонистон то 4 нафар афзоиш ёфт. 56 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Тазоҳургарон алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии НАТО дар Багром эътироз карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳазорон нафар маҷмааи биноҳои СММ дар Қундузро иҳота карда талош намуданд, ки вориди он шаванд. Кормандони полис барои парокандасозии тазоҳургарон аз силоҳ истифода бурданд.

Дар вилояти Лағмон низ тақрибан ҳазор нафар ба манзили волӣ ҳамла карданд ва аммо полис аз забти ин хона ҷилавгирӣ кард. Дар бораи осебдидагон дар ин бархӯрд иттилое зери даст нест.

Рӯзи шанбе ҳазорон сокинони вилоятҳои Лугар, Лағмон, Сарипул ва Нангарҳор ҳам дубора ба хиёбонҳо рехтанд.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва фармондеҳони нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон барои сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи Багром узр хостанд.
XS
SM
MD
LG