Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикоят аз суруди "ВВП": Ин таҳқири Путин аст!


Толибҷон Қурбонхонов, шаҳрванди Тоҷикистон бо иҷрои таронаи "ВВП" дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия мавриди баҳси расонаҳо қарор гирифт.

Толибҷон Қурбонхонов, шаҳрванди Тоҷикистон бо иҷрои таронаи "ВВП" дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия мавриди баҳси расонаҳо қарор гирифт.

Яке аз ҷонибдорони Владимир Путин ба Кумитаи марказии интихоботи Русия шикоят бурда ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани Толибҷон Қурбонхонов шудааст.

Андрей Воронин, сокини шаҳри Маскав ва яке аз ҷонибдорони Владимир Путин ба Кумитаи марказии интихоботи ин кишвар аз болои Толибҷон Қурбонхонов, сарояндаи таронаи машҳури "ВВП" шикоят бурдааст. Воронин иддао дорад, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо иҷрои таронаи "ВВП" нуфузу обрӯи Владимир Путинро поин бурдааст.

Вай дар номаи шикоятии хеш ба Кумитаи марказии интихоботи Русия навишта, ки "ҷаноби Қурбонхонов бо часпонидани ибораҳои "фиристодаи Худо", "фарзанди халқ", "варзишгари беҳтарин" ба номи Путин, ӯро рӯйирост таҳқир намудааст."
Илова бар ин, ӯ гуфтааст, ки суруд бо лаҳҷаи осиёимиёнагӣ иҷро шуда, қоидаҳои талаффузи забони русӣ дағалона вайрон гардидааст.

Андрей Воронин пешниҳод дорад, ки паҳншавии навори таронаи "ВВП" бояд мамнӯъ гардида, сароянда ва таҳиягари он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳарчанд таронаи "ВВП"-и Толибҷон Қурбонхонов тӯли тақрибан 20 рӯзи ахир вокунишҳои мухталифро ба бор овард, аммо ин барои нахустин бор аст, ки расман аз болои ӯ ба Кумитаи марказии интихоботи Русия шикоят мебаранд.

Дар оғози моҳи феврал шабакаи телевизионии Piter.TV дар торнамои худ видеои як таронаро нашр кард, ки дар он аз Владимир Путин ситоиши зиёд мешавад. Ин таронаи Толибҷон Қурбонхонов бо номи "ВВП" буд, ки то кунун дар шабакаҳои интернетӣ "сайр" карда, садҳо ҳазор нафар онро дида ва мавриди баҳс қарор додаанд.

Ин таронаи Қурбонхонов дар ҳоле мавриди таваҷҷӯҳи истифодабарандагони интернет қарор гирифтааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия наздик аст ва ҳам норизоиятҳо аз Владимир Путин меафзояд.

Толибҷон Қурбонхонов, ки ахиран ҳамроҳи аъзои гурӯҳаш аз Душанбе боздид кард, ваъда додааст, ки шакли нави таронаи "ВВП"-ро пешниҳод хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG