Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се эътирозгар дар Қундузи Афғонистон


Бар асари бархӯрди миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Қундузи Афғонистон дасти кам се нафар кушта шуданд. Тазоҳургарон алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии НАТО дар Багром эътироз карданд. Чанд ҳазор нафар маҷмааи биноҳои СММ дар шаҳрро иҳота карда талош намуданд, ки вориди он шаванд. Кормандони полис барои парокандасозии тазоҳургарон аз силоҳ истифода бурд.

Дар вилояти Лағмон низ тақрибан ҳазор нафар ба манзили волӣ ҳамла карданд ва аммо полис аз забти ин хона ҷилавгирӣ кард. Дар бораи осебдидагон дар ин бархӯрд иттилое зери даст нест.

Эътирозҳо алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар Афғонистон панҷ рӯз боз идома доранд. Рӯзи шанбе ҳазорон сокинони вилоятҳои Лугар ва Нангарҳор ҳам дубора ба хиёбонҳо рехтанд.

Як рӯз аз ин пеш бар асари парокандасозии намоишҳои эътирозӣ дар манотиқи гуногуни Афғонистон 11 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва фармондеҳони нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон барои сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи Багром узр хостанд.
XS
SM
MD
LG