Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 8 ширкаткунандаи гирдиҳамоӣ дар Алмаато


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон гирдиҳамоии бидуни иҷозаи мухолифин баргузор шуд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар гирдиҳамоӣ тақрибан 300 нафар ширкат доштанд. Ҳашт кас барои талоши убур кардан аз сафи кормандони полис боздошт шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, вақте кормандони полис талоши иҳота намудани гурӯҳе аз ҷамъомадагонро карданд, миёни онҳо ва муҳофизони тартибот моҷаро хест.

Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ талаб карданд, ки раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Олға" Владимир Козлов, сардабири нашрияи "Взгляд" Игор Винявский аз маҳбас озод карда шаванд ва мақомот муҷримони ҳалокати одамон зимни саркӯбсозии намоиши эътирозӣ дар Жанаозенро ҷазо диҳанд.

Дар як ҳамоиши дигар дар Остона ҳам мухолифон хостори таҳқиқи рӯшоди ҳаводиси Жанаозен шуданд.

Моҳи декабри соли гузашта бар асари саркӯбсозии намоиши эътирозии кормандони ширкати нафт дар Жанаозен 16 нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG