Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми нави "Соҳил": Лайлӣ ва Маҷнуни замони мо


Раҷабалӣ Пиров, коргардони тоҷик
Раҷабалӣ Пиров, коргардони тоҷик

Коргардони филми "Соҳил" мегӯяд, ин филм "мелодрамаи замонавист, ки аз хурӯши ҷавонӣ иборат мебошад."

Рӯзи 25-уми феврал дар "Кохи Ҷомӣ"-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунари "Соҳил" баргузор шуд. Раҷабалӣ Пиров, коргардони филм мегӯяд, "Соҳил" аз рӯи сенарияи нависанда Муҳибуллоҳи Қурбон гирифта шуда, дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе рӯйи навор омадааст.

Дар нақшҳои асосӣ ҳунарманди маъруф Саид Пиров, Моҳпайкар Ёрова, Обидҷон Назаров, Замира Юлдошева ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Раҷабалӣ Пиров дар гузашта филмҳои "Вақте болои шаҳр борон меборид", "Афсонаи зиндагӣ" ва чандин филми ҳуҷҷатиро ба навор гирифтааст.

Дар сӯҳбате, ки бо ҷаноби Пиров доштем, нахуст аз ӯ пурсдем, ки оё филми нави ӯ чӣ вижагие дорад?

Раҷабалӣ Пиров: "Як мелодрамаи замонавӣ аст, ки аз ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ иборат аст. Ҳам садоқат асту ҳам меҳр, ҳам бевафоиву бемеҳрӣ. Чаро "Соҳил"? Ҳар шахс соҳили худро дорад. Гузаштан ба он соҳил мушкилиҳову шебу фарози худро дорад, яъне инсон содда ба он соҳил намерасад. Бурду бохти зиёдест дар ин масир. Танҳо инсоне ба соҳил мерасад, ки ақлу дониш ва хирад дорад. Онҳое дар роҳ ба ин соҳил роҳгум мезананд, ки ин ҳамаро надоранд. Мо кӯшидем, ин ҳикмати зиндагиро боз кунем."

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, филм дар бораи вафову бевафоиву садоқату бесадоқатӣ, яъне мавзӯъҳои абадист. Албатта, ин мавзӯъҳо кӯҳна намешаванд, вале дар шароити имрӯз чӣ гуна заруратеро ба филми худатон мебинед?

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим


Муҳибуллоҳи Қурбон
Муҳибуллоҳи Қурбон
Раҷабалӣ Пиров: "Бале, ин мавзӯъ абадӣ аст. Мо чиро нишон додем? Дар филм зиндагии ду хонадоне тасвир мешавад, ки аз ҳамдигар фарқ дорад. Духтар дар оилаи сарватманду худкифо ба воя расидааст. Писар аз оилаи нодор аст. Аммо дар зиндагӣ онҳое, ки ҳамаро доранд, ба иштибоҳоте роҳ медиҳанд. Тобу тоқати бардоштани бори зиндагиро надоранд. Агар андак мушкил пеш ояд, барои онҳо даҳшат аст. Бале, дар оғоз ишқу зебоист, аммо вақте ҳамхона мешаванд, мушкилиҳои зиндагӣ сар мешавад, инҳо тоқат надоранд. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки аз ҳам ҷудо шуданӣ ҳастанд. Аммо ин ҷо ақлҳо кӯмак мекунанд ва ин кор намешавад."

Радиои Озодӣ: Оё аз филмҳое, ки имрӯз гирифта мешаванд, филми Шумо ҳамчун коргардони ҳирфаӣ чӣ фарқ дорад?

Раҷабалӣ Пиров: "Мутаассифона, аксари филмҳои имрӯзаро афроди ғайрикасбӣ мегиранд. Шояд аз ҳавасу ҳавсала аст. Ҳатто намедонанд, ки чароғ чӣ аст, камераро бояд дар куҷо монанд. Ҳоло як даврае шудааст, ки агар худатон як филмро набинед, баҳо дода наметавонед. Мо ҳадаф дорем ва дар филм онро метавонед дид."

Радиои Озодӣ: Аз рӯи он чӣ, ки мо шунидем, дар филми Шумо он чӣ марбут ба шаҳвату тирандозиву мафиябозиҳо ҳаст, вуҷуд надорад? Мегӯед, барои тамошобини имрӯза ин филм писанд хоҳад омад?

Раҷабалӣ Пиров: "Чаро не? Ин ҳама вобастаи мавзӯъ аст. Агар ин ҳамаро бо рамз нишон диҳед, тамошобин худ мефаҳмад, ки гап дар чист."
XS
SM
MD
LG