Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Афғонистон ба 12 расид


Рӯзи чоруми эътирозҳо дар Кобул
Рӯзи чоруми эътирозҳо дар Кобул
Дар Афғонистон дар эътирозҳои баъди намози ҷумъа алайҳи сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО дастикам 12 тан кушта шуданд. Пулис мегӯяд, ду тан дар Кобул, 7 нафар дар Ҳирот, дуи дигар дар вилояти Хуст ва яке дар Бағлон ҳалок шудаанд. Тайи 4 рӯзи эътирозҳо дар Афғонистон дастикам 27 нафар, бо шумули 2 сарбози Амрико, ҷон бохтанд. Рӯзи ҷумъа чунин эътирозҳо дар чанд шаҳри Покистон низ доир шуд. Дар пайи ин ошӯбҳои зидди Амрико, Олмон эълон кард, ки нирӯҳояшро аз шаҳри шимолии Толиқон билофосила берун мекашад. Қаблан қарор буд, нирӯҳои олмонӣ дар поёни март тарки Толиқон кунанд. Олмон дар Афғонистон ҳудуди 4800 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG