Пайвандҳои дастрасӣ

Мухтор Аблиёзов таҳти фишор қарор дорад


Мухтор Аблиёзов

Мухтор Аблиёзов

Сармоядори фирории қазоқ Мухтор Аблиёзов, ки ба сирқати дастикам 5 миллиард доллар аз бонки БТА айбдор мешавад, таҳти фишор қарор дорад, ки то ду ҳафтаи дигар худро ба мақомоти Бритониё бисупорад, вагарна аз ҳаққи дифоъ аз худ дар ин қазияи сирқат маҳрум хоҳад шуд. Вакилони БТА аз қозии додгоҳи Лондон хостаанд, ба Аблиёзов то 2 март фурсат диҳад. Додгоҳи Лондон ин сармоядори фирориро ҳафтае пеш барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ ба 22 моҳи зиндон маҳкум кард. Аблиёзови 48-сола баъди давлатӣ кардани бонки БТА дар соли 2009 ба Бритониё фирор кард, вале маҳалли кунунии будубоши ӯ маълум нест.
XS
SM
MD
LG