Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Пешовар 4 афсари пулис ҷон бохт


Ҳамлаи интиҳорӣ ба як посгоҳи пулис дар шимолуғарби Пешовар 4 афсарро кушта ва 4 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Пулис мегӯяд, се маргталаб субҳи ҷумъа қабл аз таркондани худ бо силоҳу норинҷак ба посгоҳ ҳамла кардаанд. Рӯзе пеш дар як таркиш дар истгоҳи минибусҳои Пешовар 15 нафар ба ҳалокат расид. Касе масъулияти ҳамлаи ахирро ба ӯҳда нагирифтааст, вале гумон меравад, ки ин кори ҷангиёни исломист.
XS
SM
MD
LG