Пайвандҳои дастрасӣ

Дар эътирозҳои Афғонистон боз 6 кас кушта шуд


Баъди намози ҷумъа дар эътирозҳо дар Афғонистон алайҳи сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО дастикам 6 тани дигар кушта шуданд. Пулис мегӯяд, як мард дар шарқи Кобул ва якеи дигар дар пойтахт ҷон бохта, ду нафар дар Ҳирот ҳангоми талоши вуруд ба консулгарии Амрико ва дуи дигар дар эътирозе дар улусволии Адраскон ба ҳалокат расидаанд.
Тайи 4 рӯзи эътирозҳо дар саросари Афғонистон дастикам 21 нафар, бо шумули 2 сарбози Амрико, ҷон бохтаанд. Рӯзи ҷумъа чунин эътирозҳо дар чанд шаҳри Покистон низ доир шуд.
XS
SM
MD
LG