Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА 7 вазири Сурияро таҳрим хоҳад кард


Дипломатҳои аврупоӣ аз 7 вазири Сурия ном бурдаанд, ки таҳти таҳримоти нави ИА қарор хоҳанд гирифт. Ба гуфтаи онҳо, таҳримоти ҷадид, ки ғолибан рӯзи душанбе тасвиб хоҳад шуд, вузарои ҳифзи сиҳҳату маориф, мухобироту фанновариҳо, саноат, нафту маъодин, нақлиёт ва ҳам вазири умури раёсати ин ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт. Бонки марказии Сурия, парвозҳо ва тиҷорати тилову ҷавоҳирот низ таҳти таҳрим хоҳанд омад. Ин иқдом дар ҳоле эълон шуд, ки рӯзи ҷумъа намояндагони беш аз 60 кишвар дар анҷумани “Дӯстони Сурия” дар Тунис ҷамъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG