Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи чоруми эътирозҳо дар Афғонистон


Саҳнае аз эътирози рӯзи 23 феврал дар Кобул

Саҳнае аз эътирози рӯзи 23 феврал дар Кобул

4 рӯз боз дар Афғонистон эътирозҳо алайҳи сӯзондани “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО идома дорад. Рӯзи ҷумъа раҳпаймоиҳо дар Ғазниву Нангарҳор ва Кобул доир шуда, баъди намози ҷумъа дар пойтахт дастикам як эътирозгар зоҳиран аз тири пулис кушта шуд. Тайи 3 рӯзи аввали эътирозҳо дар саросари Афғонистон дастикам 15 нафар, бо шумули 2 сарбози Амрико, ҷон бохтанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар номае ба ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай аз ин иттифоқи иштибоҳӣ узр хостааст.
XS
SM
MD
LG