Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон Толибонро ба музокирот даъват кард


Юсуфризо Гелонӣ
Юсуфризо Гелонӣ
Сарвазири Покистон дар мазҳари омм аз Толибон ва гурӯҳҳои дигари ҷангии афғон даъват кард, ба музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон бипайванданд. Юсуфризо Гелонӣ гуфт, раҳбарони Толибон ва гурӯҳҳое, чун ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр бояд “дар раванди оштии миллӣ ва сулҳ дар дохили Афғонистон ширкат кунанд.” Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар ин ҳафта Толибонро ба музокироти мустақим даъват кард ва аз Покистон хост, то ба ин гуфтугӯ мусоидат кунад. Толибон, ки намояндагонаш дар Қатар бо мақомоти Амрико музокирот доранд, пешниҳоди музокира бо давлати Карзайро то замони ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон радд мекунад.
XS
SM
MD
LG