Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди таъсиси ҳизби алоҳида ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ, шеваи таблиғоти давлатӣ чун замони Шӯравӣ боқӣ мондааст.

Шиорнависиву насби овезаву портретҳои хиёбонӣ дар Тоҷикистон як бахши муҳими кори шаҳрдориҳост, ки бидуни таъхир ва беғалат иҷро мешавад. Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз тоблуҳои бозаргонӣ (реклама), дигар ҳамаи шиору даъватҳо ва ибтикору иқдом ба раисиҷуҳмур Эмомалӣ Раҳмон рабт мегирад ва бахши умдаи онҳо аз суханрониҳои раисҷумҳур иқтибос шудаанд.

Мафҳуми шиорҳо низ аз замони шӯравӣ зиёд фарқ намекунад. Агар он замон мардумро ба ифтихордорӣ аз сохти шӯравӣ ва ҳизби коммунист даъват мекарданд, ҳоло ба сурати умум бар сари арзишҳои миллӣ, хидматҳои раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар таъкид мешавад. Дар ҳоле, ки давлатҳои рушдкардаи дунё пеш аз таблиғи ҳадафе таъсири эҳтимолии он бар зеҳни мардумро борҳо таҳлил мекунанд, мубаллиғони сиёсати ҳукумат дар Тоҷикистон дар ҳамон ҷодаи ошнову похӯрдаи таблиғоти шӯравӣ гом мебардоранд.

Дар даҳ соли ахир на танҳо ибораҳои аз ёдрафтаи замони шӯравӣ эҳё шуданд, балки тарзи баёни наттоқон дар телевизион низ ба шеваи шӯравӣ баргашт. Намунаи рӯшани ин гуфтаро дар эҳёи ибораи маъруфи замони Шӯравӣ “сиёсати хирадмандона” метавон мушоҳида кард. Ин ибора ба раиси ҷумҳур иртибот дорад ва маъмулан қабл аз зикри дастовардҳои ҳукумати ӯ ба кор бурда мешавад. Наттоқони телевизиону радио ва мақомдорон ҳангоми талаффузи ин ибора бояд он қадар патриот ва самимӣ бошанд, ки касе ба ғайриовоқеӣ будани ин мафҳум шубҳа накунад.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик

Агарчӣ ҳадафи мубаллиғони сиёсати давлат аз эҳёи таъбирҳои кӯҳна афзун кардани садоқати шаҳрвандон ба ҳукумат аст, вале ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, солҳои ахир ин таблиғот комилан натоиҷи баръаксро ба бор овардааст: «Дастгоҳҳи таблиғотии раиси ҷумҳурӣ хидмати хирсона мекунанд, чун ҷаҳон дигар шудааст, андеша ва мардум дигар шудааст. Ин методҳои хоси асри 20, замони диктаторҳо буд. Ман фикр мекунам, ки ба ин шиорҳо, ки овехта мешавад, диққати камтар дода мешавад. Чун дар онҳо ягон гапи нестандарҷаҳон нест, ки ҳатман бояд хонда ва ё азёд карда шавад. Аз ҷониби дигар ваъдаҳои зиёд, ки се сол пас, панҷ сол пас, даҳ сол пас хуб мешавад, дигар таъсир надорад. Бо шиорҳо дигар мардумро ҷазб карда намешавад.»

Бахши фаъоли ҷомеъа, махсусан ҷавонони тоҷик аз кӯҳнагароии ҳукумат нороҳат мешаванд. Зеро ба гуфтаи онҳо,бо гузашти 20 соли замони истиқлолият, мақомот ҳанӯз ҳам онҳоро бо шиорҳои шӯравии собиқ гӯл зада, дигаргуниҳои зеҳни шаҳрвандонро ба эътибор намегиранд. Як нафар аз ҷавонони сокини Душанбе мегӯяд, ҳоло наметавон бо усулҳои пешинаи шиорсозиву даъватҳои номувофиқ ба зиндагии мардум, ҷомеаро ба худ мойил кард: «Шиорҳое, ки мо имрӯз дорем аз зиндагии мо дур аст. Шиор бояд таҳрикдиҳанда бошад. Аммо он шиорҳое, ки имрӯз садо медиҳанд, ҳамчун чатр ҳастанд, ки мехоҳанд зери сояи он қарор гиранд.»

Бархе аз андешмандон бо ишора ба мушкилоти фаровони зиндагӣ ва якнавохтиву якрангии ҷомеа мӯътақиданд, ки инҷо кадом «сиёсати хирадмандона» вуҷуд надорад ва онҳое, ки ин ибораро ба кор ва амали Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд, холису беғараз нестанд.

Барзуи Абдураззоқ

Барзуи Абдураззоқ

Барзуи Абдураззоқ, ҳунарманди соҳибандешаи тоҷик мегӯяд, ин сифатсозӣ ва тавсифҳо ба раиси ҷумҳурӣ аз сӯи нафароне сурат мегирад, ки асосан соҳибмансаб ва соҳибвазифаанд ва онҳо туфайли ҳамин «сиёсати хирдамандона» ба мақомҳо даст ёфта, ҳоло танҳо ба андӯхтани сарват машғуланд. Ин афрод ба хотири ҳифзи шароити худ, раиси ҷумҳуриро ҳамин гуна тавсифу таъриф мекунанд, ки воқеияти зиндагиро ифода намекунад:

«Шумо таваҷҷӯҳ кунед ба он тоблуҳои калони таблиғӣ, ки дар хиёбон, дар назди бемористон ва ё ягон бинои муассиси дигаре насб шудааст. Дар онҳо чизҳоеро мебинед, ки тақрибан сафсатта аст. Масалан навишта шудааст «муқаддасоти миллӣ». Ва дар ин тоблуҳои бузург дар ҷойи аввал тасвири раиси ҷумҳур ва баъдан Қонуни асосӣ аст. Онҳое, ки имрӯз дар мудирияти кишвар мақом доранд, раиси ҷумҳурро болотар ва ҳатто берун аз қонун гузоштаанд. Ва онҳое ҳам, ки ҳамарӯза аз тариқи телевизиону радио дар бораи сиёсати хирадмандона гап мезананд, дар ин муддати сиёсати хирадмандона, зиндагии хело хубро соҳиб шудаанд.»

Аммо Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳлилии «Шарқ» бар ин андеша аст, ки аз сӯи дастгоҳи таблиғии ҳукумат истифода кардани шиору овезаҳои таблиғӣ ҳадафмандона сурат мегирад. Оқои Олимов афзуд, дар ҳоле, ки дар баробари ин шиорҳо кадом шиорҳои алтернативӣ вуҷуд надорад, ба афкор ва зеҳни мардум таъсири худро хоҳад гузошт:

«Ҳар нафаре, ки ҳар элитаи сиёсие, ки сари қудрат аст, бо мақсади нигоҳ доштани худ дар сари қудрат ва таблиғи идеологияи худ аз ин корҳо истифода мебард. Ва ин чизи табиӣ аст. Албатта ҳаррӯз, ки чашматон ба ин шиору овезаҳо меафтад, новобаста аз синну сол дар зеҳнатон мемонад. Шумо хоҳед нахоҳед дар рӯҳия ва психологияи одам, ки асари худро мемонад, таъсир хоҳад кард. Мардум ба он бовар мекунад. Агар ягон овезаи алтернативӣ набошад, ки масалан зидди вай бошад ва онро (шиорро) зери танқид гирад, ба он чизе, ки овехта мешавад, мардум ба он таваҷҷӯҳ мекунад.»

Ҳамон тавр, ки мубаллиғони сохти Шӯравӣ мафҳуми ватанро бо ҳизби коммунист тавъам карда буданд, таблиғгарони сиёсати раисҷумҳур дар Тоҷикистон низ дар байни Ватан, Миллат ва раисҷумҳур фарқи зиёд намегузоранд.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, тавъам донистани шахси раисиҷумҳур бо мафҳумҳои Ватан ва Миллат эҳсоси ватанпарастиро дар замири шаҳрвандон коҳиш медиҳад. Онҳо мегӯянд, раиси ҷумҳур нафарест, ки бо ҳадафи хизмат ба халқу ватан, барои як даври муайян раҳбар интихоб мешавад, табиист ки ҷонибдору мухолиф дорад ва пайванд додани ин арзишҳо ба раҳбар қиммати онҳоро поён мебарад.

Аз бойгонии "Озодӣ": Шахсиятпарастӣ дар Тоҷикистон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG